21-09-2026

Иқболи нави замона моро тарк кард!

Муаллиф: Нозим Нурзода

mainImage

 

(дар сӯгвории устод Мирзо Боқӣ)

 

Устод аз ин карона моро тарк кард,

Бар сӯйи абад равона моро тарк кард.

Дар даст мудом хомаву дафтари шеър,

Бар лаб ғазалу тарона моро тарк кард.

Бар рағми тамаллуқоти тарсусифатон

Бо ҷуръати шоирона моро тарк кард.

Бар дӯш  агарчи бори андӯҳи гарон,

Бо чеҳраи шоирона моро тарк кард.

Бар сустиву заъфи баданӣ чира шуда

Бо пайкари бардамона моро тарк кард.

Бо шӯру қиёми ишқ бар қасди аҷал,

Мастонаву  ошиқона моро тарк кард.

Иқболи куҳан агарчи рафт, аз пайи ӯ

Иқболи нави замона моро тарк кард.

Бо  қалби пур аз отифа Мирзо Боқӣ

Сад ҳайф, ки ҷовидона моро тарк кард.

Нозим Нурзода

16 сентябри соли 2019, душанбе, соати 21:30